Фаъолияти фирқаи "ваҳҳобия" дар Қазоқистон мамнуъ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i6424-Фаъолияти_фирқаи_ваҳҳобия_дар_Қазоқистон_мамнуъ_шуд
Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон аз тарҳи мамнуияти фаъолияти фирқаҳои "салафия" ва "ваҳҳобия" дар ин кишвар ҳимоят кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 21, 2016 19:26 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти фирқаи

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон аз тарҳи мамнуияти фаъолияти фирқаҳои "салафия" ва "ваҳҳобия" дар ин кишвар ҳимоят кард.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Нурсултон Назарбоев гуфт, ҳамалоти террористӣ, ки дар моҳҳои ахир дар манотиқи Қазоқистон ба вуқӯъ пайваст, ба дасти афроди салафӣ барномарезӣ ва иҷро шуда буд.

Мақомоти Қазоқистон аз муддате пеш дар садади эҷоди мамнуият ва маҳдудият барои таблиғ ва пайравӣ аз фирқаҳои "ваҳҳобия" ва "салафия" дар ин кишвар буданд.

Мақомоти Остона муътақиданд, фаъолияти ин фирқаҳои мазҳабӣ дар Қазоқистон хатарнок аст ва дар оянда метавонад барои ин кишвар мушкилотеро эҷод кунад.

Ҳамзамон бо тарҳи мамнуияти ваҳҳобият дар Қазоқистон, Нурлан Эрмакбоев, вазири умури динӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон низ гуфт, ваҳҳобият ва салафигарӣ хатар ва таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти ин кишвар маҳсуб мешавад.

Ба гуфта вай, вазоратхонаи умури динӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон дар ҳоли омода кардани тарҳе аст то дар бораи хатари ин гурӯҳҳо ба тамоми мардум иттилоърасонӣ кунад.

Ин тасмими мақомоти Қазоқистон дар ҳоле аст, ки бархе кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ба вижа Тоҷикистон аз 3 соли пеш фаъолияти ин ду фирқаи мазҳабиро дар қаламрави худ мамнуъ эълом карданд.