Март 31, 2021 21:01 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти Узбакистон ва Австрия санади ҳамкории роҳбурдӣ имзо карданд
    Мақомоти Узбакистон ва Австрия санади ҳамкории роҳбурдӣ имзо карданд

Мақомоти Узбакистон ва Австрия санади ҳамкории роҳбурдӣ имзо карданд.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон ва Виктор Урбан, нахуствазири Австрия дар поёни гуфтугӯҳои дуҷонибаи баёнияи муштаракро дар мавриди широкати роҳбурдӣ имзо карданд .

Тарафайн қарордоди байнидавлатӣ дар мавриди ҳамкориҳои байниминтақаӣ, ҳамкорӣ байни вазоратхонаҳои умури хориҷа барои солҳои 2021 ва 2023 мелодӣ, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни муассисаи мутолеоти роҳбурдӣ ва байниминтақаӣ ва Вазорати умури хориҷа ва тиҷорати Австрия ва қарордоди ҳамкорӣ дар заминаи равобити корӣ аснодеиро имзо карданд.

Австрия (Маҷористон) яке аз муҳимтарин ҳамкорони Узбакистон дар Иттиҳоди Аврупо аст.

Арзиши мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар соли 2020 мелодӣ 109 миллиону 300 ҳазор доллар буд.

Дар Узбакистон 7 ширкат бо мушорикати сармоягузорони маҷористонӣ фаъолият мекунанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп