Апрел 08, 2021 10:29 Asia/Dushanbe
  • Масоили марзӣ меҳвари дидори вазирони кишвари Қирғизистон ва Тоҷикистон
    Масоили марзӣ меҳвари дидори вазирони кишвари Қирғизистон ва Тоҷикистон

Пас аз даргириҳои лафзии ахир байни мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари ду минтақаи марзӣ вазирони кишвари ду ҷумҳурӣ бо якдигар дидор карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Улан Ниёзбеков ва вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар вилояти Суғди кишвар  бо якдигар дидор карданд. 


 Вузарои кишвар бар талошҳои муштарак барои кумак ба барқарории амнияту субот дар манотиқи марзии минтақаи Суғди Тоҷикистон ва минтақаи Боткани Қирғизистон таъкид карданд. 

Дар ин дидор, ки раисони идороти марзбонии ду кишвар низ ҳузур доштанд, баҳсу табодули назар дар мавриди ихтилофоти марзӣ ва нуқоти таъини ҳудуди марзӣ бо ҷиддият дунбол шуд. 

Дар ин дидор тарафайн дар мавриди тақвияти ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо ҷурм, тероризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ، ҷиноятҳои наздимарзӣ ва инчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ мубодилаи афкор карданд.

Тарафайн бори дигар бар тавсеъаи ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳои мубориза бо ҷурму тақвияти мабоонии қонунӣ таъкид карданд. 
  

 Дар рӯзҳои ахир шоеаи вогузории минтақаи 30 ҳазорнафарии «Ворух » дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ба тарафи қирғиз дар баробари дарёфти 12 ҳазор гектар замин аз ноҳияи Ботканди ин кишвар ба ҷидоли лафзии «Ҳамроҳхон Зарифӣ » вазири умури хориҷаи собиқи Тоҷикистон ва генерал «Қомчибек ташиев» раиси комитети давлатии амнияти миллии Қирғизистон анҷомид ва мавзӯ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии минтақа низ кашида шуд. 
  
  
  
  Бештар бихонед :

Барчасп