Апрел 13, 2021 09:33 Asia/Dushanbe
  • Ҷомеаи маданӣ дар Афғонистон даъват мекунад, ки даргириҳо ҳадди ақалл дар моҳи шарифи Рамазон қатъ карда шавад
    Ҷомеаи маданӣ дар Афғонистон даъват мекунад, ки даргириҳо ҳадди ақалл дар моҳи шарифи Рамазон қатъ карда шавад

Ниҳодҳои иҷтимоӣ ва фаъолони ҷомеаи мадании Ҳирот бо ширкат дар як конференсия аз тарафҳои даргир дар Афғонистон хостанд то дар моҳи пурфайзи Рамазон бо оташбаси саросарӣ мувофиқат кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садои афғон, ширкаткунандагон дар ин конференсия бо судури эъмолияе аз гурӯҳи Толибон ва ҳукумати Афғонистон хостанд, ки ҳадди ақал дар остонаи моҳи мубораки Рамазон ба оташбас тан дода, аз душманӣ даст бикашанд ва дар ин моҳ ғуфрон ва мағфирати илоҳиро дарёбанд.

Онҳо инчунин аз ташдиди ҷангҳо ва талафоти ҷони шаҳрвандон изҳори нигаронӣ карданд ва ҷонибҳои даргирро даъват карданд, ки дар бораи оташбаси саросарӣ дар моҳи мубораки Рамазон ба созиш расанд ва ба шаҳрвандон имкон диҳанд, ки ҳадди ақалл то равшан шудани натоиҷи конференсияи Туркия (Истамбул) аз тааруз ҳифз шаванд.

Роҳбари шабакаҳои ниҳодҳои ҷомеаи мадании Ҳирот Саид Ашраф Содот дар нишасти хабарӣ бо намояндагони расонаҳо гуфт: "Ҷанги Афғонистон ҷанги манфиатҳост .Чӣ тавре ки сулҳ ба манфиати мардуми Афғонистон аст, ҷанг низ ба манфиати гурӯҳҳои тарафдори ҷанг аст."

Дар моҳҳои охир, вақте Толибон бо ҳукумати Афғонистон музокироти сулҳро оғоз карданд, хушунат дар ин кишвар на танҳо коҳиш наёфт, балки афзоиш ёфт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп