Апрел 13, 2021 19:24 Asia/Dushanbe
  • Интихобот дар Қирғизистон 11 апрел баргузор шуд
    Интихобот дар Қирғизистон 11 апрел баргузор шуд

Мардуми Қирғизистон бо раъйи мувофиқи наздик ба 80 дарсадӣ, қонуни асосии ҷадид ва афзоиши қудрати раёсати ҷумҳуриро таъйид карданд.

Ба гузориши ИРНА, бар асоси омори аввалия 36.7 дарсад аз раъйдиҳандагон дар Қирғизистон дар ҳамапурсии рӯзи якшанбе ширкат карданд, ки албатта ин мизон мушорикат болотар аз ҳадди нассоби қонунии 30 дарсадӣ барои расмият ёфтани натиҷаи ҳамапурсӣ аст.

Нурҷон Шайлдабекова, раиси Камиссияи марказии интихоботи Қирғизистон гуфт: Беш аз як миллион нафар баробар бо 779,24 дарсад аз раъйдиҳандагон ба қонуни асосӣ раъйи мувофиқ ва 13. 66 дарсад низ раъйи мухолиф доданд.

Раиси Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон афзуд: Мутобиқи қонун, натоиҷи ниҳоӣ зарфи муддати 35 рӯз ҷамъбандӣ хоҳад шуд.

Интихобот дар Қирғизистон 11 апрел, соати 20 ба вақти маҳаллӣ поён ёфт.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп