Апрел 14, 2021 14:04 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфтааст, ки ҷанги, моҳи Рамазон ва ғайрирамазон надорад
    Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфтааст, ки ҷанги, моҳи Рамазон ва ғайрирамазон надорад

Гурӯҳи Толибон дар посух ба дархости Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои ислом ва давлати Афғонистон барои оташбас дар моҳи мубораки Рамазон,эълом кард ҷанг дар моҳи Рамазон савоб дорад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба рӯзномаи 8 субҳи  Афғонистон гуфт ки ҷанг, моҳи Рамазон ва ғайрирамазон надорад ва ин гурӯҳ ба муборизаи  худ алайҳи нерӯҳои амниятии Афғонистон идома медиҳад. 

 

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид илова кард: «Ҷиҳод дар моҳи мубораки Рамазон савоби бештаре дорад ва ба ҳамин далел Толибон барои расидан ба аҳдофи худ аз ҷанг даст намекашад.» 

 
Сухангӯи Толибон ҳамчунин муддаӣ шуд дар ҳоли ҳозир мизони хушунат нисбат ба гузашта коҳиш ёфтааст. 
  
 Раиси Ҷумҳурии Афғонистон шаби душанбе дар паёми видеоӣ зимни табрики фаро расидани моҳи мубораки Рамазон ба миллати Афғонистон , аз Толибон низ хост, ки ба эҳтироми ин моҳ даст аз ҷанг кашида ва эъломи оташбас кунанд.

 Ба дунболи он Иттиҳодия  ҷаҳонии уламои мусулмон низ бо ҳаром хондани ҷанги Афғонистон аз гурӯҳи Толибон хост, ки ба эҳтироми ин моҳ аз ҷанг даст бикашад. 

Толибон зимни исрор бар идомаи ҷанг, сешанбешаб эълом кард ба далели идомаи ҳузури нерӯҳои Амрико дар Афғонистон то 11 сентябри оянда, дар музокироти сулҳи Истанбул, ки барои ҳафтаи оянда барнома резӣ шуда буд ширкат намекунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп