Апрел 17, 2021 17:00 Asia/Dushanbe
  • Хадамоти амнияти миллии Узбекистон дар соли 2018 ба хадамоти амнияти давлатӣ тағйири ном дод
    Хадамоти амнияти миллии Узбекистон дар соли 2018 ба хадамоти амнияти давлатӣ тағйири ном дод

Нерӯҳои амниятии Узбекистон дар соли 2020 аз чаҳор иқдоми террористӣ дар ин кишвар пешгирӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон рӯзи шанбе эълом кард: «дар соли гузаштаи милодӣ ҳамчунин аз фаъолияти 67 гурӯҳи ифротӣ ва террористӣ дар ин кишвар пешгирӣ шудааст.»

Бар асоси ин гузориш 98 шаҳрванди узбек фирорӣ ба хориҷ ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ба Узбекистон бозгардонда шуданд ва мавриди пайгарди қонӯнӣ қарор гирифтанд.

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст: «53 миллиону 186 ҳазор доллар арз дар натиҷаи бозрасиҳо ва пайгириҳо аз 540 маврид фасоди молӣ, ба манобеи арзии Узбекистон бозгардонда шуд.»

Дар соли 2018 Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон қонӯни «Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон»-ро имзо кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп