Апрел 18, 2021 18:58 Asia/Dushanbe
  • Боздошти тоҷири маъруфи қирғиз \\\
    Боздошти тоҷири маъруфи қирғиз \\\"Қодирҷон Ботиров\\\"

Тоҷири маъруфи қирғиз боздошт шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба гуфтаи мақомоти қирғиз ӯ яке аз авомили аслии дахил дар барпоии шӯришҳои соли 2010 дар Ош ва Ҷалолободи  Қирғизистон будааст. 

Тибқи дастуруламали Раиси Ҷумҳури Қирғизистон «Содир Ҷабборов», комитети амнияти миллии таҳқиқ дар мавриди суистифодаи мақомоти давлатиро оғоз кардааст. 

Дар мароҳили муқаддамотӣ, далоил ва шароите, ки мунҷар ба бурузи шӯриш дар ин манотиқ шудааст, баррасӣ мешавад. 

Зимни инки арзёбии ниҳоии қонунӣ аз иқдомоти аъзои  давлати муваққат, руасои сохторҳои қудрат ва мақомоти минтақавӣ. ки иқдомоти лозимро барои ҷилавгирӣ аз вақоэъи ногувор анҷом надодаанд, низ баррасӣ хоҳад шуд. 

Комитеи умури хориҷаи амнияти миллӣ эълом дошт, ки бисёр зуд афкори умумӣ дар ҷараёни пешрафт ва натоиҷи таҳқиқ дар ин парвандаи ҷиноӣ ва ҳамчунин раванди тасмимоти иттихозшуда қарор хоҳад гирифт.

Дар соли 2016, « Қодирҷон Ботиров » тоҷири маъруф, ғоибона дар Қирғизистон маҳкум шуд. 

 

Бештар бихонед: 

Барчасп