Қазоқистон алифбои русиро канор мегузорад
Қазоқистон то соли 2023 алифбои сирилики русиро канор мегузорад ва ба истифода аз алифбои лотин боз мегардад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, Вазорати омӯзиши Қазоқистон дар ҳоле ин тасмимро эълом кардааст, ки коршиносон муътақиданд, чунин тасмим риски тағироти бузург дар шароити босаводӣ дар кишвар ва ҳамчунин эҷоди шикофи наслиро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Баҳси марбут ба алифбо аз солҳо пеш дар Қазоқистон матраҳ буда ва дар чашмандози соли 2023 такмили нигориши забони қазоқӣ бо алифбои лотин дар ҳоли омодасозӣ аст.
Ин тағйир, ки аз соли 2012 пешниҳод шудааст, раванди иҷроӣ шудани он дар соли 2017 ба дархости Раиси Ҷумҳурии собиқи ин кишвар Нурсултон Назарбоев оғоз шуд.
Коршиносон муътақиданд дар сурати ҳазфи алифбои рӯсӣ, ҳатто шаҳрвандоне, ки имрӯз бо забони қазоқӣ ҳарф мезананд барои шиносоии он бо алифбои лотинӣ мушкилоте хоҳанд дошт, зеро қавоиди талаффуз дар ду алифбо бисёр мутафовит аст.
Лотинсозии алифбо дар Қазоқистон метавонад ба наздикии бештари ин кишвар ба Туркия ва сойири кишварҳое, ки аз навиштори лотин истифода мекунанд мунҷар шавад.
Бештар бихонед: