Эътирози уламои динии Узбекистон ба пахши филмҳои туркӣ
Шуморе аз уламои динии Узбекистон мамнӯияти пахши филмҳои туркиро дар ин кишвар хостор шуданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, гурӯҳе аз имомони ҷамоати масоҷидҳои шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон таваққуфи пахши телевизионии сериалҳо ва филмҳои туркиро, ки «аз назари ахлоқӣ бо зеҳнияти мардум носозгораст» хостор шуданд.
Пеш аз ин низ бархе аз раҳбарони мазҳабӣ дар Узбекистон алайҳи намоиши сериалҳои телевизионии туркӣ мавзегирӣ карда буданд.
Дар гузашта, мамнӯияти пахши сериалҳои телевизионии туркӣ дар Узбекистон бо тира шудани равобити Тошканд ва Анкара дар замони ҳукӯмати Ислом Каримов, раисиҷумҳури собиқ муртабит будааст.
Бештар бихонед:
Мавзеи қобили тааммули Узбекистон дар Шӯрои кишварҳои туркзабон