Феврал 11, 2021 11:42 Asia/Dushanbe
  • Роҳбари Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мегӯяд, ки сериалҳои туркӣ бо фарҳанги тоҷикон созгор нестанд
    Роҳбари Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мегӯяд, ки сериалҳои туркӣ бо фарҳанги тоҷикон созгор нестанд

Раиси Комитети давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон бо пахши сериалҳои сохти Туркия аз телевизионҳои давлатии кишвар мухолифат кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Нуриддин Саид гуфтааст, ки ҳадафи сериалҳои сохти Туркия таблиғи фарҳанги бегона барои миллати тоҷик аст ва ӯ иҷозаи пахши ин филмҳоро аз телевизионҳои давлатӣ нахоҳад дод. 

Вай мӯътақид аст, ки сериалҳои сохти Туркия бо одоб ва русуми тоҷикҳо созгорӣ надорад.

Раиси комитети давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳамчунин иддаои шуморе аз рӯзноманигоронро дар бора набуди интиқод дар барномаҳои телевизионҳои давлатӣ беасос донист. 

Вай гуфт: «Шояд интиқоди мавриди назари ин афрод вуҷуд надошта бошад, ки ба дидгоҳи онон ба ҳаводиси Тоҷикистон бармегардад.» 

Вай ҳамчунин аз таъсиси шабакаи ҷадиди телевизионии илму табиат дар баҳори имсол хабар дод. 

Ба гуфтаи Нуриддин Саид дар Тоҷикистон 90 шабакаи радио ва телевизиони давлатӣ ва хусӯсӣ фаъолият мекунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп