Толибон пахши сериялҳо бо иҷрои нақши занонро мамнуъ кард
Вазорати амри ба маъруф ва наҳи аз мункари гуруҳи толибон пахши барномаҳои телевизионии мухолиф бо шариъати Исломро мамнуъ кард.
Ба гузориши сомонаи Спутник, Вазорати амри ба маъруф ва наҳи аз мункари гурӯҳи Толибон ба расонаҳо гуфт аст аз пахши сериялҳое, ки занон дар он иҷрои нақш карданд худдорӣ кунанд.
Бар асоси итилоъияи Вазорати амри ба маъруф ва наҳи аз мункари гурӯҳи Толибон, расонаҳои телевизионӣ набояд филмҳо ва сериялҳоеро пахш кунанд, ки бар зидди усули шаръӣ ва арзишҳои Афғонистон бошад.
Дар ҳамин ҳол ин вазорат афзуда аст филҳои дохилӣ ва хориҷие, ки дар он фарҳанг ва оини хориҷиҳо бозтоб меёбад ва сабаби бадахлоқӣ дар ҷомеъа мешавад, набояд пахш шавад.
Дар модаи дигари ин дастур омда аст, барномаҳои тафриҳии телевизионӣ набояд ба тарзе таҳия шавад, ки дар он ба касе таҳқир ва иҳонат шуда бошад. Дар ҳамин ҳол пахши сериялҳое, ки дар он ба шиъорҳои динӣ ва каромати инсонӣ иҳонат шуда бошад мамнуъ аст.
Бар асоси қонуни нави Толибон барандаҳои зан бояд ҳиҷоби исломиро риъоят кунанд ва аз ҳузур дар барномаҳои танзӣ (ҳаҷв) худдорӣ кунанд. Толибон пахши сериялҳое, ки дар он нақши Паёмбарон ва Асҳоби Пайғамбари Ислом тамсил шуда бошад мутлақан ҳаром ва мамнуъ эълон карда аст.
Ин дар ҳоле, аст ки расонаҳои Афғонистон дар ду даҳаи гузашта зиёдатарин пахши барномаҳои танзу ҳаҷвӣ, сериялҳои туркӣ ва ҳиндиро доштанд, ки акнун Толибон пахши онҳоро мамнуъ эълон карда аст.
Бештар бихонед:
Назари раиси Иттиҳодияи занони мусулмони Русия дар заминаи хонавода, занон ва кӯдакон
Ҳамаи маҳдудиятҳои занон дар кишвари узви Комиссияи ҳуқуқи занони Созмони милал
Таъкиди Толибон бар ташкили идора барои занони афғон
Эълони кобинаи як дастаи Толибон бе ҳузури пайвандон ва занон