Март 06, 2024 15:02 Asia/Dushanbe
  • Дидору гуфтугӯи сафири Эрон бо раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон имрӯз (чаҳоршанбе 16 исфандмоҳи 1402) бо ҳузур дар маҳали Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Нуриддин Саид, раиси ин кумита дидору гуфтугӯ кард.

Алиризо Ҳақиқиён дар дидор бо Нуриддин Саиди аз оғози фаъолияти дафтари намояндагии Садо ва симои Эрон дар шаҳри Душанбе дар ояндаи наздик хабар дод.

Дар ин дидор, Нуриддин Саид бо ишора ба пайвандҳои амиқи фарҳангӣ, таърихӣ, забонӣ ва динӣ байни ду кишвар ва ироаи тавзеҳоте дар хусӯси имконоту зарфиятҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз густаришу тақвияти ҳамкориҳо дар заминаҳои муртабит бо фаъолиятҳои радио ва телевизион байни ду кишвар истиқбол кард.

 

Барчасп