Бологирифтани ҷангии лафзии байни мақомоти Фаронса ва Русия
(last modified Mon, 06 May 2024 14:43:05 GMT )
Май 06, 2024 19:43 Asia/Dushanbe
  • Бологирифтани ҷангии лафзии байни мақомоти Фаронса ва Русия
    Бологирифтани ҷангии лафзии байни мақомоти Фаронса ва Русия

Вазири хориҷа Русия гуфт: Эммануэл Макрон раиси Ҷумҳурии Фаронса бо русиҳароси ба сабки ғорнишинҳо ба дунболи ба даст гирифтани раҳбарии Аврупо аст.

Ба гузоришаши хабаргузории Садо ва Симо аз Маскав, ҳамзамон бо пешравии неруҳои русӣ дар майдони ҷанг бо Украин дар арсаи сиёси низ ҷанги лафзии байни мақомоти баландпояи Русия ва Аврупо ба вижа бо раҳбарони Фаронса боло гирифта аст .

Сергей Лавров дар посух ба изҳороти ахири раиси Ҷумҳурии фаронса дар бораи муқоисаи Путин бо Гитлер вокуниш нишон дод .

Вазири хориҷа Русия гуфт: Эммануэл Макрон раиси Ҷумҳурии Фаронса бо русиҳаросӣ ба сабки ғорнишинҳо ба дунболи ба даст гирифтан раҳбарӣ Аврупо аст .

Лавров дар гуфтугу бо шабакаи телевизиюнии Бусниёи ATV , ба суханони ахири Макрон ишора карду гуфт: Раиси Ҷумҳури Фаронса ахиран дар мусоҳибаи гуфта аст ки Русия таҳдиди аслии Аврупо ва Фаронса аст ва ҷоҳталабиҳои Адолиф Гитлер ва Наполеон Бонапарт ба ин иллат буда аст ки ин кишварҳо Русияро як таҳдид медиданд .

Раиси дастгоҳи сиёсати хориҷӣ Русия гуфт: Ин навъ аз русиҳароси ки Макрун ба шеваи ғорнишинии онро таблиғ мекунад , зарури ба назар намерасад , магар онки у бо саворигирифтан аз ин мавзу қасд дошта бошад раҳбарии Аврупоро ба даст гирад .

Пеш аз ин Макрон дар суханронии худ дар бораи оянда Аврупо гуфта буд , Иттиҳодияи Аврупо ба як роҳбурди дифои муштарак ниёз дорад ки унсури калидии он таслеҳоти ҳастаӣ фаронса аст.