Апрел 24, 2021 11:36 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи сохти роҳи оҳани Панҷакент - Самарқанд дар дасти баррасӣ

Бо бунёди ин роҳ водии Зарафшон бо роҳҳои оҳани Осиёи Марказӣ пайваст мешавад.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи нақлиёт доир гардид.

Ин сохтмони роҳи оҳан шаҳри Панҷакенти вилояти Суғдро ба вилояти Самарқанди Узбакистон васл хоҳад кард.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни ҷаласа ҳайатҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, доир ба масоили рушди долони нақлиётии “Узбакистон – Тоҷикистон - Чин”, барқарорсозии фаъолияти гузаргоҳи байнисарҳадии “Ҳаштяк - Бекобод”, барқрасонии қитъаи роҳи оҳани “Бекобод (Узбакистон) Спитамен – Истиқлол (Тоҷикистон), сохтмони роҳи оҳани нав дар қитъаи “Панҷакент (Тоҷикистон) – Булунғур/Ҷамбой (Узбакистон), зиёд намудани ҳаҷми боркашонии транзитӣ тавассути роҳи оҳан қитъаи “Бекобод - Истиқлол” ва дигар масъалаҳои ҷойдошта тавофуқ ҳосил шуд.  

Зикр мегардад, ки дар натиҷа, бо мақсади густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, инчунин андешидани тадбирҳо дар ҳамбастагӣ, аз тарафи ҷонибҳо протоколи дахлдор ба имзо расид.

Ин тарҳ яке аз созшномаҳое хоҳад буд, ки дар сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон дар рӯзҳои 10 то 12 июни имсол имзо мешавад.

Сарвазирони Тоҷикистону Узбакистон Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов 24 апрел дар Хуҷанд вохӯрда, ҷараёни корҳои омодагиро ба сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, инчунин маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳо байни кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп