Қадрдонии Токаев аз созандагони ваксинаи қазоқии корона
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i65842-Қадрдонии_Токаев_аз_созандагони_ваксинаи_қазоқии_корона
Раисҷумҳури Қазоқистон аз созандагони ваксинаи қазоқии корона ташаккур кард ва аз афзоиши тавлиди он хабар дод.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 24, 2021 09:34 Asia/Dushanbe
  • Токаев гуфт, Қазоқистон акнун яке аз чанд кишварест, ки ваксинаи худро тавлид кардааст
    Токаев гуфт, Қазоқистон акнун яке аз чанд кишварест, ки ваксинаи худро тавлид кардааст

Раисҷумҳури Қазоқистон аз созандагони ваксинаи қазоқии корона ташаккур кард ва аз афзоиши тавлиди он хабар дод.  

Касим-Жомарт Токаев, Раисҷумҳури Қазоқистон дар саҳифаи Твиттер навишт: “Кишвари мо ба яке аз андак кишварҳое табдил шуда, ки ваксинаи худро тавлид кардааст”.

Раисҷумҳури Қазоқистон бо ишора ба инки маҳмулаи аввали ваксинаи Казвак ба манотиқи мухталифи ин кишвар интиқол дода шуда, афзуд: “тавлиди ин ваксина афзоиш меёбад, то дар дастраси ҳамаи шаҳрвандони қазоқистонӣ қарор гирад”.

Тибқи барномарезиҳо ваксина кардан бо ваксинаи қазоқии корона аз 26 апрел дар Қазоқистон оғоз мешавад.

Ин ваксина дар Вазорати беҳдошти Қазоқистон сабти аввалия дорад ва ҳануз натоиҷи комили мутолеоти болинии он мунташир нашудааст.