"Душанбе" мизбони рӯзҳои синамои Узбекистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i66086
Рӯзҳои синамои Узбекистон ба мизбонии Тоҷикистон дар пойтахти ин кишвар шаҳри Душанбе, баргузор мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 28, 2021 09:03 Asia/Dushanbe
  • Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Душанбе аз 28 апрел то 1 май баргузор мешавад
    Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Душанбе аз 28 апрел то 1 май баргузор мешавад

Рӯзҳои синамои Узбекистон ба мизбонии Тоҷикистон дар пойтахти ин кишвар шаҳри Душанбе, баргузор мешавад.

 Ба гузориши хабаргузории Форс аз Душанбе, рӯзҳои 28 апрел то аввали моҳ май имсол ба мизбонии Тоҷикистон  рӯзҳои синамои Узбекистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. 

Ҳадаф аз баргузории рӯзҳои синамои Узбекистон дар шаҳри Душанбе  тавсеъаи ҳамкории ду кишвари дӯст ва ҳамсояи Тоҷикистону Узбекистон дар заминаи филмсозӣ эълом шудааст. 

Дар ин рӯзҳо як қатор филмҳои бадеӣ ва мустанади филмсозони Узбекистон ба намоиш гузошта мешавад.

Муассисаи давлатии « Тоҷикфилм » ибрози итминон кард, баргузории рӯйдоди мазкур ба тавсеаи ҳамкории судманд  миёни филмсозони тоҷик ва узбек  кумаку дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардуми бародари Тоҷикистон ва Узбекистонро пойдор мекунад. 

Бештар бихонед: