Гуфтугӯи дубораи Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов
-
Раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон бар зарурати риояти комили оташбас аз ҷониби ду тарафи таъкид карданд
Рӯзи шанбе Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистони бори дигар бо Содир Ҷабборов ҳамтои қирғизи худ телефонӣ гуфтугӯ кард.
Ба гузориши хабаргузории Ховар, сарони Тоҷикистону Қирғизистон дар ин гуфтугӯ тавофуқномаҳо байни ду тараф барои тасбити авзоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин тавваҷуҳи вижа ба мавориди риояи комили оташбас ва бозгардондани нерӯҳои низомӣ ба мавозеъи собити худ зоҳир карда шуд.
Раисони ҷумҳурии ду кишвар ҳамчунин дар мавриди фаъолиятҳои муштараки Коргурӯҳҳои тарафайн дар ин замина ва оғози ҷаласаи камиссионҳои байнидавлатии таъини марзу марзбандӣ табодул назар карданд.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷумъа 30 апрел низ телефонӣ бо Содир Ҷаббороф гуфтугӯ кард.
Дар ин муколамаи телефонӣ раисиҷумҳури Қирғизистон эълом кард, ки омодаи сафар ба Тоҷикистон аст то дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон дар бораи роҳҳои суръатбахшидан ба музокироти дуҷониба ба манзури аломатгузории марзҳои ду кишвар ва поён додан ба ихтилофот гуфтугӯ кунад.
Бештар бихонед:
- Гуфтугӯи телефонии раисониҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон
- Тоҷикистону Қирғизистони тавофуқи оташбас имзо карданд