Вокуниши раиси ҷумҳӯри Қирғизистон ба ҳаводиси ахири марзӣ
Раиси ҷумҳӯри Қирғизистон дар изҳороти ҷадиде дидгоҳи худро дар бораи даргирии ахири марзӣ бо Тоҷикистон иброз кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбӯотии раёсати ҷумҳӯрии Қирғизистон, Содир Ҷабборов дар изҳороти ҷадид таъкид кард, ки даргирии марзии рӯзҳои 28 то 30 майи имсол дар марз бо Тоҷикистон тамомияти арзӣ ва истиқлоли Қирғизистонро бо таҳдиди ҷиддӣ рӯ ба рӯ кард, аммо нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар бо иқдомоти саривақтӣ нагузоштанд мунозиъа густариш ёбад ва муваффақ ба дифоъ аз қаламрави хеш шуданд.
Ин изҳороти раиси ҷумҳурии Қарзистон дар ҳоле аст,ки бар асоси изҳороти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тарафи Қирғизистон сабабгори оғози ин даргирӣ мебошад.
Зимнан Ҷабборов дастур додааст бо таъсиси як комиссиюни вижа ҷиҳатҳои ин ҳодиса мавриди баррасӣ қарор гирад .
Вай аз мардуми Қирғизистон низ дархост кардааст, ки бо ҳифзи оромиш ба зиндагии хеш идома диҳанд ва таҳти таъсири таблиғоти расонаҳои ғаразварз қарор нагиранд .
Бинобар эъломи Вазорати тандурустии Қирғизистон дар даргирии рӯзи 29 апрел миёни марзбонони тоҷику қирғиз 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва 200 нафар низ захмӣ шудаанд. Аз тарафи Тоҷикистон низ даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.
Бештар бихонед :
- Гузориши вижа: Ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва имзои созишномаи оташбас
-
Дастҳои пинҳон дар танишҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон
-
Оромиш дар Ботканд ва афзоиши талафоти Қирғизистон дар даргирӣ бо Тоҷикистон