Киштиронии Эрон дар миёни ғӯлҳои дарёии ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123616-Киштиронии_Эрон_дар_миёни_ғӯлҳои_дарёии_ҷаҳон
Порс Тудей - Дар ҳоле, ки зарфияти ҳамлу нақли контейнерии ҷаҳон дар ноябри 2025 аз марз 33 миллион TEU (воҳиди шумориши контейнер стандарти бист футӣ) убӯр карда, гуруҳи киштиронии Ҷумҳурии Исломии Эрон (IRISL) бо вуҷӯди таҳримҳо, ҷойгоҳи ҳафдаҳуми ҷаҳонии худро ҳифз кардааст.
(last modified 2025-12-28T11:51:58+00:00 )
Декабр 28, 2025 16:37 Asia/Dushanbe
  • Киштиронии Эрон дар миёни ғӯлҳои дарёии ҷаҳон

Порс Тудей - Дар ҳоле, ки зарфияти ҳамлу нақли контейнерии ҷаҳон дар ноябри 2025 аз марз 33 миллион TEU (воҳиди шумориши контейнер стандарти бист футӣ) убӯр карда, гуруҳи киштиронии Ҷумҳурии Исломии Эрон (IRISL) бо вуҷӯди таҳримҳо, ҷойгоҳи ҳафдаҳуми ҷаҳонии худро ҳифз кардааст.

Бозори ҷаҳонии ҳамлу нақли дарёӣ дар ноябри 2025 шоҳиди сабти рекордии тоза буд; рекорде, ки нишондиҳандаи тадовуми рушди тиҷорати контейнерӣ ва афзоиши зарфияти новгони операторҳои бузурги байналмилалӣ аст.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Форс, бар асоси оморҳои мунташир шуда, зарфияти ҳамлу нақли контейнерии ҷаҳон аз марз 33 миллион TEU убур карда, ки натиҷаи таҳвили киштиҳои ҷадиду тавсеаи новгони ширкатҳои бузурги киштиронӣ аст.

Дар ҳоли ҳозир, теъдоди кулли киштиҳои контейнерии фаъоли ҷаҳон ба 6 ҳазору 642 фарванд расидааст. Бахши умдаи ин зарфият дар ихтиёри теъдоди маҳдӯде аз операторҳои бузург қарор дорад; ба тавре, ки 10 ширкати бартари киштиронии дунё беш аз 28.1 миллион TEU зарфияту ҳудӯди 4 ҳазору 40 фарванд киштиро мудирият мекунанд.

Ин омор нишон медиҳад, наздик ба 85 дарсади зарфияти тиҷорати контейнерии ҷаҳон дар ихтиёри ҳамин 10 ширкат аст; мавзӯе, ки аз тамаркузи болои бозору қудрати таъйинкунандаи бозигарони бузург ҳикоят дорад.

Дар ин миён, гуруҳи киштиронии Ҷумҳурии Исломии Эрон (IRISL) низ бо вуҷӯди маҳдӯдиятҳои ношӣ аз таҳримҳо, ҳамчунон дар ҷамъи бозигарони матраҳи ҳамлу нақли дарёии ҷаҳон қарор дорад. Ин гуруҳ бо дар ихтиёр доштани 144 фарванд шиновари фаъол, зарфияте муодили 5 миллион тоннро пӯшиш медиҳад, ки бахше аз он ба ҳамли контейнерӣ ихтисос дорад.

Киштиронии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоли ҳозир дар рутбаи ҳафдаҳуми ҷаҳонӣ қарор дорад ва ба унвони яке аз 30 ширкати бартари киштиронии ҷаҳон шинохта мешавад. Ин ҷойгоҳ, бо таваҷҷуҳ ба шароити таҳримӣ ва маҳдӯдиятҳои дастрасӣ ба бозорҳои молӣ ва киштисозии ҷаҳонӣ, аз манзари коршиносон қобили таваҷҷуҳ арзёбӣ мешавад.