Май 09, 2021 14:40 Asia/Dushanbe
  • ар ҳамла ба мадрасаи Саидушуҳдои ғарби Кобул 55 нафар кушта ва 151 тан захмӣ шудаанд, ки бештари онон аз донишомӯзон ҳастанд
    ар ҳамла ба мадрасаи Саидушуҳдои ғарби Кобул 55 нафар кушта ва 151 тан захмӣ шудаанд, ки бештари онон аз донишомӯзон ҳастанд

Шумори куштаҳои инфиҷори террористии Кобул ба 55 нафар расид .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, оморҳои мунташиршуда аз сӯи бемористонҳои Кобул-пойтахти Афғонистон нишон медиҳад, ки дар ҳамла ба мадрасаи Саидушуҳдои ғарби Кобул 55 нафар кушта ва 151 тан захмӣ шудаанд, ки бештари онон аз донишомӯзон ҳастанд

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, ҳамзамон бо эъломи ин омор бемористонҳои Кобул аз мардум хостанд бо муроҷиа ба бемористон ба захмиҳои ин ҳамла хун эҳдо кунанд. Вазорати дохилаи Афғонистон бар асоси баёнияе, ки дируз мунташир кард омори ин ҳамларо ҳамчунон 25 кушта ва 52 захмӣ медонад ва мавзеи ҷадиде дар ин хусус нагирифтааст .

Давлати Афғонистони гурӯҳи Толибонро масъули ин ҳамла муаррифӣ кардааст, аммо гурӯҳи Толибон бо маҳкӯм кардани ин ҳамла даст доштан дар онро рад карда ва онро ба ДИИШ нисбат додааст .

Ҳамла ба мадрисаи духтаронаи ғарби Кобул бо вокуниши зиёди дохилӣ ва хориҷӣ мубаддил шуда ва бо маҳкумияти густарда мувоҷеҳ гардидааст .

Як соли пеш дар чунин рӯзҳое муҳоҷимони террорист ба як бемористону зойишгоҳ дар ғарби Кобул ҳамла карда ва шумори зиёди  занону кӯдакони тозамутаваллидшударо ба гулӯла бастанд .

 

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп