Шаҳидони инфиҷори мадраса дар Кобул ба 85 тан афзоиш ёфт
Май 10, 2021 18:38 Asia/Dushanbe
Теъдоди шаҳидон ва маҷрӯҳони инфиҷор дар муқобили мадрасаи духтаронаи "Сайид-уш-Шуҳадо" дар ғарби Кобул ба 85 тан афзоиш ёфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, масъули матбуотии дафтари муовинати дувуми раёсати ҷумҳурии Афғонистон «Дониш Ҳидоят » дар гуфтугӯ бо Си Эн Эн ин оморро таъйид кардааст.
«Ториқ Орин », сухангӯии вазорати кишвар Афғонистон гуфтааст, ки ин ҳодиса дар натиҷаи инфиҷори як мошини бомбагузоре ва инфиҷори ду ҳалқаи мина коргузошта шуда дар минтақа рӯй додааст .
Фард ё гурӯҳе токунун масъуляти ин рӯйдоди хунинро бар ӯҳда нагирифтааст, аммо гурӯҳи Толибон даст доштан дар ин ҳодисаро рад кардааст.
Бештар бихонед:
Барчасп