Май 11, 2021 20:02 Asia/Dushanbe
  • Генерал Хуршед Муҳаммадзода пас аз фирори Гулмурод Ҳалимов ба Сурия фармондеҳи нерӯи вижаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон шуд.
    Генерал Хуршед Муҳаммадзода пас аз фирори Гулмурод Ҳалимов ба Сурия фармондеҳи нерӯи вижаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон шуд.

Додситонии кулли Қирғизистон алайҳи фармондеҳи нерӯи вижаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба иттиҳоми мушорикат дар даргирии марзии рӯзҳои 28 ва 29 апрел парвандаи ҷиноӣ ташкил кардааст.

Ба гузориши сомонаи Интерфакс, Белик Холиқов, намояндаи додситонии кулли Қирғизистон гуфтааст, ки баррасии парванда алайҳи генерал Хуршед Муҳаммадзода, фармондеҳи нерӯи вижаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон вогузор шудааст.

Вай иддао кардааст, ки мушорикати ин генерали тоҷик дар даргирии марзии рӯзҳои 28 ва 29 апрел ҷои тардид надорад ва бояд ба ин иқдом баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Генерал Хуршед Муҳаммадзода пас аз фирори палковник Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба Сурия ба мақоми фармондеҳии ин воҳид мансӯб шуд.

Генерал Муҳаммадзода қаблан тарафи Қирғизистонро ба оғози диргирии ахири марзӣ муттаҳам карда хостори поён додан ба ихтилофоти аз роҳи музокироти сиёсӣ шуда буд. Аз дидгоҳи ин фармондеҳи тоҷик набояд дӯстии чандинҳазорсолаи мардумони тоҷику қирғиз халалдор гардад. Аммо ҷониби Қирғизистон низ бояд ин нуктаро маддиназар дошта бошад, ки истифода аз зӯр бо вокуниши шадиди Тоҷикистон рӯбарӯ хоҳад шуд.

Бештар бихонед:

Барчасп