Сел дар Афғонистон даҳҳо қурбонӣ гирифт
Сухангӯи вазорати идораи офатҳои табиии Афғонистон эълом кард, ки дар обхезиҳои ахир 87 нафар кушта, 32 нафар бедарак шуда 30 нафар осеби ҷисмӣ дидаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Тасмим Азимӣ рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин гуфт: «Аз 12 савр ( 2 май ) токунун дар 23 вилояти Афғонистон селобҳо 2 ҳазору 800 хонаро вайрон, беш аз 3 ҳазору 700 сар домро талаф ва ҳудуди 10 ҳазор гектар замини кишоварзиро низ тахриб кардааст.»
Ба гуфтаи вай бештарини хисорати обхезӣ ба вилояти ғарбии Ҳирот ворид шудааст, ки беш аз 22 нафар дар ин вилояти ҷон бохтаанд.
Идораи ҳавошиносии Афғонистон бар асоси тозатарин пешбиниҳо ба мардум дар вилоятҳои Бадахшон, Тахор, Бағлон ва Самангон ҳушдор додааст, ки имрӯз 22 савр ( 12 май ) эҳтимоли борандагии шадид ва обхезӣ вуҷуд дорад.
Селобҳо дар Афғонистон дар ҳоле аз мардум қурбонӣ мегирад, ки нигарониҳои шадид аз хушксолӣ низ зиндагии мардуми ин кишварро таҳти таъсир қарор дода ва гуфта мешавад дар аксари вилоятҳо аз ҳамин акнун заминҳои кишоварзӣ бо камбуд ва ё набуди об мувоҷеҳ аст.
Бештар бихонед: