Гуфтугӯи телефонии Ҷабборов ва Путин
Раисони Ҷумҳурии Русия ва Қирғизистон дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва даргириҳои марзии ахири ин кишвар бо Тоҷикистон телефонӣ гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хурососн ба нақл аз хабаргузории Форс, Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин дар гуфтугӯи телефонӣ бо Раиси ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷабборов, тасвиб ва лозимулилоҷ шудани Қонуни асосии ҷадиди Қирғизистонро ба мардуми ин кишвар табрик гуфт.
Путини афзуд: «Маскав омода аст то ба Бишкек барои ғалаба бар паёмадҳои ношӣ аз даргирии марзӣ ва муқобила бо вируси корона ва таҳияи ваксинаҳои русӣ кумак кунад. »
Дар ҷараёни музокирот Ҷаббаров инчунин омодагии Қирғизистонро барои ҳамкории комил бо Русия дар ҳама соҳаҳо эълом кард.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки охири моҳи май дар Маскав мулоқот мекунанд.
Бештар бихонед: