Сарвазири Тоҷикистон дар Тошканд бо Шавкат Мирзиёев дидор кард
(last modified Fri, 14 May 2021 13:36:15 GMT )
Май 14, 2021 18:36 Asia/Dushanbe
  • Дар ҷараёни мулоқот ҳамкориҳои кунунии ду кишвар ва роҳҳои таҳкими муносибатҳои дуҷониба низ баррасӣ шуданд
    Дар ҷараёни мулоқот ҳамкориҳои кунунии ду кишвар ва роҳҳои таҳкими муносибатҳои дуҷониба низ баррасӣ шуданд

Сарвазири Тоҷикистон, ки барои ширкат дар ҳаштумин Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ба Тошканд сафар кардааст, бо Раиси ҷумҳурии Узбекистон дидор ва гуфтугӯ кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл  аз сомонаи Спутник, Қоҳир Расулзода ва Шавкат Мирзиёев дар ин дидор  роҷеъ ба густариши равобити Тоҷикистон ва Узбекистон дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл, обу энержӣ, тандурустӣ ва дармон,кишоварзӣ ва гардишгарӣ баҳс ва табодули назар шуд. 

Дар ин  дидори ҳамкориҳои феълии ду кишвар ва роҳҳои тақвияти муносиботи дуҷониба низ баррасӣ шуд. 

Ҳамчунин тарафҳо таъкид карданд, ки дар солҳои пеши рӯ  замина барои афзоиши муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Узбекистон ба як миллиард доллар фароҳам аст. 

Манобеи ҳукуматӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки даҳум то дувоздаҳуми июн дар сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистони 30 тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар бахшҳои мухталиф имзо хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: