ДИИШ масъулияти таркиш дар масҷиди Кобулро бар уҳда гирифт
(last modified Sun, 16 May 2021 09:07:59 GMT )
Май 16, 2021 14:07 Asia/Dushanbe
  • Пеш аз ин гурӯҳи Толибон дахолати худро дар ин ҳамла рад карда буд
    Пеш аз ин гурӯҳи Толибон дахолати худро дар ин ҳамла рад карда буд

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамлаи рӯзи ҷумъа ба масҷиди Кобулро бар уҳда гирифт

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, гурӯҳи террористии ДИИШ аз тариқи хабаргузории вобаста ба худ мавсум ба хабаргузории Ношир, масъулияти ҳамлаи рӯзи ҷумъа ба масҷиде дар минтақаи  Шакардара  дар Кобул пойтахти Афғонистонро бар уҳда гирифт .

Дар паи инфиҷоре дар масҷиди шаҳристони Шакардараи вилояти Кобул 12 нафар, аз ҷумла имоми ҷамоат  шаҳид ва беш аз 15 тани дигар захмӣ шуданд .

Ба гуфтаи полиси Кобул ин инфиҷор зуҳри ҷумъа дар ҳангоми барпоии намози ҷумъа дар масҷиди Ҳоҷӣ Бахшӣ дар минтақаи Қалъаи Муродбеки шаҳристони Шакардара рух додааст .

Пеш аз ин гурӯҳи Толибон дахолати худро дар ин ҳамла рад карда буд .

 

  Бештар бихонед :