Таҷрибаҳои кишоварзии узбекистониҳо ба кумаки Точикистон меояд
(last modified Thu, 20 May 2021 05:51:30 GMT )
Май 20, 2021 10:51 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикон аз таҷрибаи кишоварзии Узбакистон истифода мебаранд
    Тоҷикон аз таҷрибаи кишоварзии Узбакистон истифода мебаранд

Гурӯҳе аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ки барои касби таҷрибаҳои кишоварзони Узбекистон тайӣ ду рӯз дар Тошканд ҳузур доштанд бо пешрафтҳо ва дастовардҳои ҳамтоёни хеш ошно шуданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомона Эки пресс, муовини аввали вазири кишоварзӣ Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода  гуфтааст, Узбекистон  тайи солҳои ахир бо истифода аз технологияҳои навин дар рушди бахши кишоварзӣ ва тавлиди маҳсулот  пешрафтҳои зиёде кардааст, ки омӯзиши ин равишҳо барои кишоварзони тоҷик бисёр муҳим мебошад. 

Ҳайати тоҷикистонӣ тайи ду рӯзи ҳузури хеш аз маркази пажӯҳишҳои технологияҳои навини тавлиди маҳсулоти кишоварзии Тошканд, гулхонаҳо, боғҳо, ҳавзҳои парвариши моҳӣ, озмоишгоҳи селексияи маҳсулоти кишоварзии Донишгоҳи кишоварзии Тошкандро тамошо карда, бо малакаҳои ҳамсолонаш шинос шуд.

Тарафи Тоҷикистон эълом кардааст, ки омодааст аз таҷрибаи кишоварзони ӯзбекистонӣ дар истифода аз технологияҳои навини тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ истифодаи намояд.

Дар пайи баргузории ҳаштумин нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Узбекистон дар Тошканд ба раёсати Қоҳир Расулзода ва  Абдуллоҳ Орифов нахуствазирони ду кишвар дар рӯзи 15 майи соли ҷорӣ тасмим гирифта шуд, ки аз таҷрибаи кишоварзони узбекистонӣ дар рушди бахши кишоварзӣ ва тавлиди маҳсулот истифода шавад.

 Мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Узбекистон дар се моҳи нахусти имсол ба 104 миллион доллар  расид, ки дар муқоиса бо давраи монанди соли 2020 афзоиши 23 миллиону 100 ҳазор доллариро нишон медиҳад. 

  
  Бештар бихонед: