Май 22, 2021 21:29 Asia/Dushanbe
  • Аз сарнавишти рабудашудагон иттилои дақиқе дар даст нест
    Аз сарнавишти рабудашудагон иттилои дақиқе дар даст нест

Мақомоти маҳаллии вилояти Ғазнии Афғонистон аз рабуда шудани 9 ғайринизомӣ хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Садои афғон (Ово), Ҳасанризо Юсуфӣ, яке аз аъзои Шӯрои вилоятии Ғазнии Афғонистон гуфт, аъзои Толибон рӯзи ҷумъа 9 ғайринизомиро, ки сокинони вилояти Ҷоғӯрӣ ҳастанд аз масири Дашти шаҳристони Қарабоғ рабудаанд.

Аз сарнавишти ин афрод иттилои дақиқе дар даст нест.

Худравҳои шаҳристонҳои Ҷоғӯрӣ, Молистон ва Қарабоғ аз масири Дашти шаҳристони Қарабоғ рафту омад доранд ва муддате ин масир ба сӯрати комил баста буд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп