Беш аз 14 миллион шаҳрванди афғонистонӣ гуруснаанд
(last modified Mon, 24 May 2021 11:50:51 GMT )
Май 24, 2021 16:50 Asia/Dushanbe
  • Аз ҳар се афғон як нафар аз гуруснагӣ азият мекашад
    Аз ҳар се афғон як нафар аз гуруснагӣ азият мекашад

Бар асоси эъломи Созмони барномаи ҷаҳонии хӯрокворӣ беш аз 14 миллион нафар дар Афғонистон аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, бар асоси ёфтаҳои як ниҳоди зермаҷмӯаи барномаи ҷаҳонии ғизо ( WFP )у Созмони ғизо ва кишоварзӣ ( FAO ) камбуди ғизо  зиндагии ҳудуди 10 миллион шаҳрванди Афғонистонро таҳдид мекунад ва танҳо ҳудуди 11 миллион шаҳрванди афғон аз амнияти ғизоӣ баҳраманд ҳастанд. 

Барномаи Умумиҷаҳонии Озуқаворӣ гуфтааст, ки аз ҳар се афғон як нафар аз гуруснагӣ ва камғизоӣ азият мекашад ва вазъ дар моҳҳои наздик бадтар хоҳад шуд.

Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ гузориш медиҳад, ки то ҳол танҳо 12 фоизи маблағро барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба гуруснагон дар Афғонистон гирифтааст.

Коҳиши эҳтимолии амнияти ғизоӣ дар Афғонистон дар замоне баррасӣ мешавад, ки ин кишвар дар ҳоли ҳозир бо мавҷи севуми корона рӯ ба рӯ шудааст.

 

Бештар бихонед: