Вокуниши Қирғизистон ба иддаои Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли дубораи даргирии марзӣ
(last modified Mon, 24 May 2021 14:04:11 GMT )
Май 24, 2021 19:04 Asia/Dushanbe
  • Иқдомоти Қирғизистон дар марзи муштарак бо Тоҷикистон танҳо як нақшаи таҳкими марзҳояш аст
    Иқдомоти Қирғизистон дар марзи муштарак бо Тоҷикистон танҳо як нақшаи таҳкими марзҳояш аст

Нахуствазири Қирғизистон иддаои Тоҷикистонро дар бораи талоши Бишкек барои ба роҳ андохтани даргирии ҷадиди марзӣ рад кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Улуғбек Маъруфов дар сафар ба вилояти Ош гуфтааст, ки иқдомоти Қирғизистон дар марзи муштарак бо Тоҷикистон фақат барномае барои таҳкими марзҳост. 

Ин дар ҳолест, ки сокинони фармондориҳои Чоркӯҳ, Шаҳрак ва Сурхи ноҳияи Исфара дар марз бо ноҳияи Ботканди Қирғизистон аз таҳаррукоти шабонаи низомиёни қирғиз барои интиқоли нерӯ ва таҷҳизоти ҷангӣ ва сохти таъсисоти мухталиф  хабар дода ва аксҳоеро низ аз ин иқдомот мунташир кардаанд.

Онон бо ибрози нигаронӣ аз вуқӯъи даргирии ҷадиде дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҳукумати Душанбе дархост кардаанд, ки ба ин мавзӯ расидагӣ кунад.

 

 Аммо нахуствазири Қирғизистон таъкид кардааст, ки то замони ниҳоӣ шудани тавофуқ бо Тоҷикистон дар бораи аломатгузории марзи муштарак танҳо маҳдудиятҳое дар рафту омади атбоъ ва васоили нақлияи кишвари ҳамсоя  эъмол хоҳад шуд.  
 

Вай ҳамчунин гуфтааст, ки сокинони манотиқи марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон бо канор  гузоштани ихтилофот бояд бо тафоҳум ва эҳтироми мутақобил дар фазойи  мусолиматомез зиндагӣ кунанд. 

Бар асари даргирии хунини марзӣ рӯзҳои 28 ва 29 апрели гузашта дар марзи вилоятҳои Суғд ва Ботканд  55 нафар кушта ва беш аз 200 тан аз ду тараф захмӣ шудаанд. 


  
  Бештар бихонед: