Доктор Абдуллоҳ: Толибон дигар баҳонае надорад
(last modified Wed, 26 May 2021 05:08:13 GMT )
Май 26, 2021 10:08 Asia/Dushanbe
  • Доктор Абдуллоҳ гуфт, ки барои музокироти сулҳ дар Афғонистон як иҷмоъи дохилӣ вуҷуд дорад
    Доктор Абдуллоҳ гуфт, ки барои музокироти сулҳ дар Афғонистон як иҷмоъи дохилӣ вуҷуд дорад

Раиси шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон гуфт, ки бо берун рафтани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дигар Толибон баҳонае барои идомаи ҷанг надоранд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садои  афғон ( Ово ), Абдуллоҳ  Абдуллоҳ  рӯзи сешанбе дар дидор бо шуморе аз аъзои  ҳайати музокиракунандаи давлат гуфт: «Барои гуфтугӯҳои сулҳ иҷмоъи дохилӣ шакл гирифта ва ҳамзамон  басиҷи мардумӣ дар ҳимоят аз низом ва дастовардҳои ду даҳаи ахир вуҷуд дорад.»

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон бо интиқод аз ҷангталабии Толибон афзуд: «Ҷомеи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа тарафдори шаклгирии сулҳи пойдор дар Афғонистон ҳастанд ва бо хуруҷи қувваҳои хориҷӣ аз кишвар  баҳонае барои идомаи ҷанги Толибон боқӣ намондааст.» 

 
 Дар ин дидор аъзои ҳайати музокиракунандаи давлат дар бораи охирин пешрафтҳо ва таҳаввулоти нишасти Дуҳа гузориш доданд ва аз идомаи гуфтугӯҳо дар рӯзҳои оянда сухани гуфтанд. 

Онон якҷонибагароӣ ва баҳонаҷӯии Толибонро монеъи аслии ба натиҷа расидани музокирот унвон карданд ва афзуданд, ки ин гурӯҳ  тамоюле ба расидан ба тавофуқи сулҳ нишон намедиҳад ва аз мизи музокира фирор мекунад.

Дар ду моҳи ахир ҳамалоти Толибон ба мавозеъи нерӯҳои давлатӣ дар бештари вилоёти Афғонистон афзоиш ёфтааст.

 

Бештар бихонед: