Интиқоди Акаев аз густариши фасод дар Қирғизистон
Раиси Ҷумҳурии собиқи Қирғизистон фасоди ҳоким бар дастгоҳҳои давлатии ин кишварро ба вирусе ташбеҳ кард. ки тамоми аркони қудратро фаро гирифтааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Аскар Акаев дар мусоҳиба бо шабакаи Автор ТВ гуфт: «Ин амр ба давлату иқтисод осеб мерасонад ва ҳамчунин эътимодро нисбат ба мақомот салб ва ба эътибори кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ латма ворид мекунад.»
Вай идома дод: «Моҷароҷӯёни сиёсӣ монанди Боқиев, Отунбоева ва Отамбоев бо истифода аз нерӯҳои ҷиноӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир табаддулотҳо кардаанд . Ба назари ман осеб ба Қирғизистони бисёр зиёд буд. Як вирус дар ҷомеаи Қирғизистон зоҳир шуд ва қудратро тасарруф кард.»
Аскар Акаев афзуд: «Чин дар ҳоли эҳёи ҷодаи бузурги абрешим ва сохти як масири ҷадид аст. Ҳазорон сол пеш Қирғизистон бахше аз ин масирро кантрол мекард ва акнун як фурсати дигар барои сохти як масири ҷадид дар қарни бисту якум вуҷуд дорад.»
Раиси Ҷумҳури пешини Қирғизистон ҳамчунин иттиҳоми дарёфти пул аз тарафи Чин дар даврони раёсатҷумҳурии худро рад кард.
Бештар бихонед: