Дархости Толибон аз Тоҷикистон: Ба Амрико иҷозат надиҳед
Гурӯҳи Толибон аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон дархост кардааст, ки ба нерӯҳои низомии амрикоӣ пас аз берун рафтан аз Афғонистон иҷозати истиқрор дар қаламрави хешро надиҳанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории русии РИА Новости, дар ин баёния таъкид шудааст, ки гурӯҳи Толибон ба ҳеч кишвари хориҷӣ иҷозаи иқдомоти низомӣ алайҳи ҳамсоягон дар Осиёи марказиро нахоҳад дод ва ба ин далел интизор дорад, ки дар қаламрави ин ҷумҳуриҳо низ низомиёни амрикоӣ мустақар нашаванд.
Толибон ҳушдор додааст дар сурати нодида гирифтани ин дархост ва додани иҷозаи истиқрори низомиёни амрикоӣ дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя дар пайи хуруҷи ин нерӯҳо аз Афғонистон, масъуляти оқибатҳои ин иқдом бо мақомоти ин кишварҳо мебошад.
Чанде пеш Замир Кабулов намояндаи вижаи Раиси Ҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон бо ишора ба гузориши нашрияи амрикоии Вол Стритт журнал дар бораи алоқамандии Вашингтон барои истиқрори нерӯҳои худ дар Тоҷикистон ва Узбекистон гуфта буд: «Тамосҳои тарафи Русия бо шарикони тоҷик ва узбек худ нишон медиҳад то кунун ҳеч дархости расмӣ аз сӯи Иёлоти Муттаҳида дар бораи эҷоди пойгоҳҳои низомӣ дар хоки ин кишварҳо сурат нагирифтааст ва мақомоти Узбекистон ва Тоҷикистон низ таъкид кардаанд, ки ин кор ғайримумкин аст, бинобарин лозим нест мо мухолифат кунем.»
Ба гуфтаи Кабулов, чунин тасмиме дар мавриди Тоҷикистон ниёзманди таъйиди Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аст.
Бештар бихонед: