Мақоми рус: Коргурӯҳе барои иттихози тадобири амниятӣ дар марзҳои Афғонистону Тоҷикистон ташкил мешавад
(last modified 2024-02-04T13:00:55+00:00 )
Феврал 04, 2024 18:00 Asia/Dushanbe
  • Мақоми рус: Коргурӯҳе барои иттихози тадобири амниятӣ дар марзҳои Афғонистону Тоҷикистон ташкил мешавад

Намояндаи Русия дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ эълом кард, моҳи ояндаи милодӣ, коргурӯҳе барои иттихози тадобири бештари амниятӣ дар марзҳои Афғонистону Тоҷикистон ташкил мешавад.

Виктор Василев, намояндаи Русия дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ изҳор дошт, гуфтугӯ бо коршиносон дар ин созмон барои иттихози тадобири амниятии бештаре дар марзи Афғонистону Тоҷикистон идома дорад.

Вай афзуд, эҳтимоли вуқуъи танишҳо дар ин марзи муштарак вуҷӯд дорад.

Виктор Василев ба Спутник гуфт, қарор аст дар нишасти ояндаи коргурӯҳӣ рӯи буҷаи мушаххасе барои ҳифозат аз марзи Тоҷикистон мувофиқат шавад.

 

Барчасп