Паёмадҳои ҳузури 20 солаи Амрико дар Афғонистон
(last modified Sat, 29 May 2021 17:29:00 GMT )
Май 29, 2021 22:29 Asia/Dushanbe
  • Аз замони ҳузури Амрико дар Афғонистон тавлиди навъҳои маводи мухаддир дар ин кишвар афзоиши 4 баробарӣ дошта аст
    Аз замони ҳузури Амрико дар Афғонистон тавлиди навъҳои маводи мухаддир дар ин кишвар афзоиши 4 баробарӣ дошта аст

Ҳамзамон бо хурӯҷи низомиёни террористии амрикоӣ аз Афғонистон шуморе аз уламо, донишгоҳиёну сиёсатмадорон аз дохилу хориҷи Афғонистон дар нишасте дар Кобул паёмадҳои ҳузури 20 солаи Амрико дар он кишварро баррасӣ карданд .

Ширкаткунандагон дар ин нишаст  тавсеъаталабии Амрикои ҷаҳонхорро далели ҳузури ин кишвар дар Афғонистон ва минтақа донистанду гуфтанд густариши даргириҳо ба ҳамаи манотиқи Афғонистон ва ҳамлаҳои террористӣ аз паёмадҳои ин ҳузур будааст .

Ширкаткунандагон таъкид карданд  Амрико ба баҳонаи барқарории амнияту сулҳ ба Афғонистон ҳамла кард, аммо ҷангу даргирӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар ин кишвари ташдид ва бештар шудааст .

Абдуллатиф  Пидром-раиси Конгресси миллии Афғонистон дар ин нишаст гуфт : Амрико ҳатто аз созмонҳои ҳуқуқи башарӣ низ дар ҷиҳати манофеъи худ истифода кардааст .

Нигоҳӣ ба бист соли ҳузури низомиёни Амрико дар Афғонистон дар паҳлуҳои мухталиф нишон медиҳад, ки Кохи Сафед дар ду даҳаи ишғоли ин кишвар корномаи шикастхурдаеро барҷой гузоштааст .

Амрико ба баҳонаи мубориза бо тероризм дар соли 2001 Афғонистонро ба ишғоли худ даровард ва барағми мушорикати кишварҳои узви созмони НАТО дар ҷанги Афғонистон бо беш аз 150 ҳазор низомии хориҷӣ дар таъмини амният ва нобудии ифротгароӣ  ноком монд .

Дар солҳои ҳузури Амрико дар Афғонистон на танҳо хушунату тероризм дар ин кишвар коҳиш наёфт, балки доманаи фаъолиятҳои ифротгароёна густариш ёфт ва илова бар Толибон, гурӯҳи террористии ДИИШ низ ба яке аз ҷилваҳои тоза дар ба хатар андохтани амнияту сабот дар Афғонистон табдил шуд .

Ба иборати дигар ҳузури Амрикову НАТО дар Афғонистон мӯҷиб шуд, то заминаи бештаре барои фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар фароҳам шавад ва беш аз пеш ҷони мардуми Афғонистон дар маърази хатар қарор гирад .

Амрико на танҳо натавонист ба ваъдаи худ барои муқобила бо тероризм дар Афғонистон амал кунад, балки бо анҷоми иқдомоти якҷониба ва худсарона аз тариқи амалиёти ҳавоӣ ва заминӣ ҳазорон нафар аз мардуми ин кишварро ба коми марг фиристод .

  Амрико бо тӯлонӣ кардани ҷанг дар Афғонистон  осори вайронгареро бар зерсохтҳои иқтисодии ин кишвар ворид кард, ки ин масаъла ба шиддат  зарфиятҳои тавлидӣ дар Афғонистонро аз раванди фаъолиятҳои истеҳсолотӣ хориҷ кард .

Дар арсаи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ низ вуҷуди шароити ҷангӣ ва ноамнии густарда дар Афғонистон сабаб шуд, то нишондодҳо дар ин ду бахш раванди рӯ ба рушде надошта бошад ва омӯзиш дар ин кишвар бо хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ бошад .

  Иқдоми ахири террористӣ дар муқобили мадрасаи духтарона дар шаҳри Кобул, ки муҷиби кушта ва маҷруҳ шудани даҳҳо нафар шуд, аз ҷумлаи намунаи хатарҳои маргбор барои арсаи фарҳангу омӯзиш ба шумор меравад .

Амрико илова бар ваъдаи беасоси мубориза бо тероризм дар Афғонистон уҳдадор шуда буд, то маводи мухаддир ва қочоқи он дар Афғонистонро нобуд кунад, аммо гузоришҳои байналмиллалӣ нишон медиҳанд, ки аз замони ҳузури Амрико ва  НАТО дар Афғонистон  кишти кукнор ва тавлиди анвоъи маводи мухаддир дар ин кишвар афзоиши 4 баробарӣ доштааст .

Дар шароите,  ки Ҷо Байден- раиси ҷумҳӯрии Амрико ваъда дода то сентябри хоки Афғонистонро тарк кунад . Баррасии паёмадҳои мухарриби ҳузури Амрикову НАТО дар Афғонистон метавонад то солҳо дастмояи пажӯҳишгарон барои анҷоми пажӯҳишҳои дақиқ дар заминаи нокомиҳои нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар ва табаъоти ҳузури онон будааст .

 

  Бештар бихонед :