Май 30, 2021 12:26 Asia/Dushanbe
  • Бар асари бархурди хумпора ба маҳали баргузории маросими арусӣ 16 тан куштаву захмӣ шуданд
    Бар асари бархурди хумпора ба маҳали баргузории маросими арусӣ 16 тан куштаву захмӣ шуданд

Ҳамлаи хумпораӣ ба маросими арусӣ дар вилояти Кописои Афғонистон шаш кушта бар ҷо гузошт .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, сухангӯи  полиси Кописо гуфт: Бар асари бархурди хумпора ба хонае дар шаҳристони Тагоб, ки маҳали баргузории маросими арусӣ буд 10 нафар низ захмӣ шуданд .

Абдулшоиқи Шуриш бо баёни инки шуморе аз қурбониёни ин ҳамлаи хумпораӣ занон ва кудакон буданд, афзуд : Толибон қасд доштанд мавозеъи нерӯҳои хезиши мардумиро ҳадаф қарор диҳанд, аммо хумпораи шилликшуда ба маҳали арусӣ бархурд кард .

  Рӯзи гузашта низ бар асари инфиҷори минибуси ҳомили устодону донишҷӯёни донишгоҳи Алберунӣ дар наздикии шаҳри Багром дар вилояти Парвони Афғонистон чаҳор тан кушта ва 13 тани дигар низ захмӣ шуданд .

  Низомиёни ишғолгару террористи амрикоӣ дар ҳоле аз Афғонистон хориҷ мешаванд, ки ҳузури шикастхурдаи низомии онҳо ба ғайр аз ноамнӣ, бесуботӣ, густариши тероризм, ҷанг, хушунат, қочоқи маводи мухаддир ва куштори инсонҳои бегуноҳ дастоварди дигаре надоштааст .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп