Май 30, 2021 19:27 Asia/Dushanbe
  • Асарбахшии 96 дарсадии ваксинаи коронаи Қазоқистон

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар дидор бо мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, аз асарбахшии 96 дарсадии ваксинаи коронаи сохти ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши Аки Пресс, Қосим Жомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон ва Тедрус Адҳаном, дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ маҷозӣ дидору гуфтугӯ карданд.

Тоқаев дар ибтидои ин гуфтугӯ ба дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар мавриди натоиҷи аввалияи озмоишоти болинии ваксинаи қазоқии “Қазвок”, ки мизони асарбахшии он 96 дарсад баровард шуда, тавзеҳ дод.

Бинобар суханони раиси ҷумҳурии Қазоқистон, дар ҳоли ҳозир ниҳодҳои беҳдоштии кишвар дар талош ҳастанд то таъйидияи СҶТ –ро касб кунанд.

Дабири кулли СҶТ ҳам дар ин гуфтугӯ бо истиқбол аз тавлиди ваксинаи “Қазвок”, омодагии худро барои баррасии роҳҳои илмии қарор гирифтани ин ваксина дар феҳристи доруҳои пешниҳодии СҶТ эълом кард.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп