Май 31, 2021 17:34 Asia/Dushanbe
  • Гиромидошти қурбониёни “Қаҳтии бузург” дар Қазоқистон

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар рӯзи гиромидошти қурбониёни саркӯби сиёсӣ гуфт: Ҳар кори лозимро анҷом хоҳем дод то чунин фоҷеае ҳаргиз такрор нашавад.

Қосим Ҷоомарт Токаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар рӯзи ёдбуди қурбониёни саркӯби сиёсӣ хитоб ба мардуми ин кишвар гуфт: Саркӯбҳои сиёсии нимаи аввали қарни гузашта сарнавишти миллионҳо шаҳрванди Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравии собиқро махдӯш кард ва миллатҳоро таҳти озору азият қарор дод.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон ёдовар шуд: Тайи он давра беш аз 100 ҳазор нафар ба ноҳақ дар ин кишвар маҳкум шуданду ҳудуди як чаҳоруми онҳо ҳукми эъдом гирифтанд.

Вай гуфт: Миллати мо қаҳтии муҳликеро таҷриба карда, ки садамоти зиёде ба маҷмӯаи гении онҳо ворид кардааст.

Токаев афзуд: Мардуми қазоқ бо пушти сар гузоштани сахттарин озмоишҳо, рӯҳияи худро тақвият ва дар иттиҳоду ҳамбастагӣ қавитар шуд.

Аз соли 1997 мелодӣ, ҳар сол дар Қазоқистон рӯзи гиромидошти қурбониёни яке аз ғамангезтарин сафаҳоти таърихи ин кишвар, саркӯбҳои густардаи сиёсӣ ва қаҳтии ваҳшатнок, ки мунҷар ба марги миллионҳо нафар шуд, баргузор мешавад.

Тайи солҳои саркӯб ҳудуди 5 миллион ба урдӯгоҳҳои эҷодшудаи кори иҷборӣ дар Қазоқистон табъид шуданд.

Дар худи Қазоқистон дар давраи аз 1921 то 1954 мелодӣ 100 ҳазор нафар зиндонӣ ва 25 ҳазор нафар аз онҳо маҳкум ба эъдом шуданд.

Тақи 33 сол, аз 1920 то 1953 мелодӣ ҳудуди 110 ҳазор нафар мавриди саркӯби сиёсӣ қарор гирифтанд, ҳудуди 18 дарсад аз кулли созмони ҳизби Қазоқистон душмани мардум эълом шуданд.

Дар авҷи саркӯбҳо, дар соли 1937 мелодӣ дар Қазоқистон теъдоди дастгиршудагон ба 105 ҳазор нафар расида буд, ки ҳудуди 22 ҳазор нафар аз онҳо ба эъдом маҳкум шуданд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп