Гуфтугӯи вазирони хориҷаи Туркманистон ва Сербия
(last modified Tue, 08 Jun 2021 12:21:01 GMT )
Июн 08, 2021 17:21 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи вазирони хориҷаи Туркманистон ва Сербия

Вазирони хориҷаи Туркманистон ва Сербия дар видео конфронсе бо якдигар гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши АКИПРЕСС, Рашид Мурдов ва Никола Селакович дар ин гуфтугӯ бар тавсеъаи бештари равобити Туркманистону Сербия дар ҳамаи заминаҳои мавриди алоқаи муштарак таъкид карданд.

Дар ин гуфтугӯ роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, дипломатӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона баррасӣ шуд.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки ду кишвар ба таври фаъол дар заминаҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ кунанд.

Вазирони хориҷаи ду кишвар тавофуқ карданд, ки пешнависи «нақшаи роҳ»-ро барои тақвияти ҳамкории дуҷониба таҳия кунанд.

 

Бештар бихонед: