Баргузории ҳамоиши маҷозии иқтисодии Қазоқистону Италия
(last modified Sun, 13 Jun 2021 10:15:47 GMT )
Июн 13, 2021 15:15 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши маҷозии иқтисодии Қазоқистону Италия

Ҳамоиши маҷозии иқтисодии байни тоҷирони мақомоти Қазоқистону Италия баргузор шуд

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз АКИ пресс, дар ин ҳамоиши видеоконфронсӣ дурнамои ҳамкории сармоягузорӣ ва фурсатҳои таъомул дар заминаҳои иқтисоди сабз, тавлидоти кишоварзӣ ва саноъатисозӣ баррасӣ шуд .
Ин ҳамоишро ниҳодҳои дипломатии Қазоқистону Италия ва бо кумаки конфедерасиюни умумии саноъати Италия, ожонси ICE, ширкати миллии « Қазоқинвест» ва ҳизби « Отамекин » баргузор карданд .

Мухтор Талибердӣ-вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар ин ҳамоиш гуфт : Аз соли 1992 ширкатҳои италияӣ дар иқтисоди Қазоқистон ҳудуди 9 миллион доллар сармоягузорӣ карданд . Ӯ афзуд : Ҳамакнун 270 ширкати италияӣ дар Қазоқистон фаъолият мекунанд.

Дар ин ҳамоиш ба саҳми ширкати фаромилии « АНИ » Италия, ки аз соли 1992 дар Қазоқистон ҳузур доштаву теъдоде аз тарҳҳои муҳимро дар бахши нафту газ иҷро кардааст, ба таври вижа ишора шуд .
Илова бар ин  эълом шуд, ки таи солҳои ахир дар Қазоқистон тарҳҳои тозае монанди сохти нерӯгоҳи бодӣ дар вилояти Оқтуба дар ҳоли иҷро аст .
Дар ин ҳамоиш ҳудуди 600 тоҷири қазоқ ва италияӣ ширкат карда буданд.