Рутбаи 90 Узбекистон дар радабандии ҷаҳонии кишварҳои сулҳталаб
(last modified Sat, 19 Jun 2021 10:58:11 GMT )
Июн 19, 2021 15:58 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи 90 Узбекистон дар радабандии ҷаҳонии кишварҳои сулҳталаб
    Рутбаи 90 Узбекистон дар радабандии ҷаҳонии кишварҳои сулҳталаб

Бурунмарзӣ, бар асоси радабандии муассисаи байналмилалии иқтисод ва сулҳи ҷаҳонӣ, Узбекистон дар солҳои ҷории мелодӣ дар байни 163 кишвари сулҳталаби ҷаҳон, мақоми 90-ро касб кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс аз Тошканд, радабандии муассисаи байналмилалии иқтисод ва сулҳи ҷаҳонӣ дар ҳолест, ки Узбекистон дар соли гузаштаи мелодӣ (2020) мақоми 103-ро касб карда буд.

 

Тибқи ин гузориш, дар ин радабандӣ ҳамчунин, Қазоқистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми 67, Қирғизистон мақоми 78, Тоҷикистон мақоми 97 ва Туркманистон мақоми 109-ро касб кардааст.

Бар асоси ин гузориш, Исландия ба унвони кишвари сулҳталабтарини ҷаҳон шинохта шуда ва Зелландияи Нав, Дания, Португалия, Славения, Австрия,Швейтсария, Ирландия, Чехия ва Канада низ дар садри ин радабандӣ қарор доранд.

Радабандии сулҳи ҷаҳонӣ бар асоси 23 шохис аз ҷумла сатҳи хушунат ва ҷурм дар кишвар, ҳазина барои таслеҳот ва дифоъ, равобит бо кишварҳои ҳамсоя, вуҷуди даргирии мусаллаҳ дар кишвар, дарсади паноҳандагон ва риояти ҳуқуқи башар тавассути мақомот таҳия шудааст.

 

Бештар бихонед: