Туркистон-мизбони конфронси вазирони омӯзиши олии Осиёи Марказӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i69088-Туркистон_мизбони_конфронси_вазирони_омӯзиши_олии_Осиёи_Марказӣ
Нишасти вазирони омӯзиши олии Осиёи Марказӣ ба мизбонии Туркистон баргузор шуд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 20, 2021 09:27 Asia/Dushanbe
  • Туркистон-мизбони конфронси вазирони омӯзиши олии Осиёи Марказӣ

Нишасти вазирони омӯзиши олии Осиёи Марказӣ ба мизбонии Туркистон баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз АКИ пресс, ҳайати Қирғизистон ба сарпарастии  Нурлан Омуров-муовини вазири омӯзиш ва илм дар конфронси вазирони омӯзиши олии кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат кард .
Ин конфронс бо ҳузури руасои вазоратхонаҳои омӯзиши олӣ, донишгоҳҳо, ожонсҳои таъиди эътибор ва созмонҳои донишҷӯии Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ дар Туркистон ( ҷумҳӯрии Қазоқистон ) дар ҳоли баргузорӣ аст .
Дар ин конфронси ислоҳоти мудовим дар заминаи омӯзиши олӣ, шинохти мутақобили ҳуҷҷатҳои омӯзишӣ ва илмӣ, ҳамкорӣ дар заминаи эътиборбахшии мустақили барномаҳои омӯзишӣ ва ҳамкории байни ҷомеъаҳои донишҷӯӣ баррасӣ шуд . Дар ҷаласаи умумӣ Гулмайро Абулқосимова- раиси гурӯҳи омӯзиши олӣ ва миёнаи касбии вазорати омӯзишу парвариш ва улуми Қирғизистон дар мавриди вазъияти феълӣ ва системаҳои омӯзиши олии ҳирфаӣ дар ҷумҳӯрии Қирғизистон суханронӣ кард .