Июн 22, 2021 16:51 Asia/Dushanbe
  • Талоши Қирғизистон барои узвият дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ

Вазири хориҷаи Қирғизистон дар дидор бо ҳамтоёни украинӣ ва молдовии худ хостори ҳимояти ин кишварҳо аз номзадии Бишкек  барои узвият дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ барои давраи 2023 то 2025 шуд.

Руслан Қазоқбоев, вазири хориҷаи Қирғизистон бо Аурелий Чокой, вазири умури хориҷаи Молдова ва Дмитрий Колб, вазири умури хориҷаи Украина дидор кард.

Тарафайн дар ин гуфтугӯ ба зарурати аз саргирии равобит дар болотарин сатҳ ва комиссиюни байни давлатии тиҷорат ва ҳамкории иқтисодӣ ишора карданд .

Қазоқбоев гуфт, тарафайн аз тавоноии болое барои афзоиши мизони тиҷорат, тавсеъаи ҳамкорӣ дар заминаҳои кишоварзӣ, тадорукоту иртиботот бархӯрдор ҳастанд ва аз замоне, ки вазорати сармоягузорӣ дар Қирғизистон эҷод шудааст мо омодагӣ барои ташкили як маҷмаи тиҷориро дорем.

Вай аз тарафҳои Молдова ва Украина дархост кард аз номзадии Қирғизистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид барои давраи 2023 - 2025 ва ҳамчунин узвияти ғайри доимии Шӯрои Амнияти Созмони милал барои давраи 2027 - 2028 ҳимоят кунанд.

Қазоқбоев ба аҳаммияти тавсеъаи тадриҷии бештари ҳамкориҳои байни порлумонӣ, ки ҷумҳурии Қирғизистон онро бахши ҷудоинопазир аз кулли маҷмӯаи равобити дуҷониба медонад, ишора кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп