Сафари Ҷабборов ба Тоҷикистон иқдоме дурандешона ва мантиқӣ
Сафари раисиҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон барои коҳиши танишҳои марзӣ байни ду кишвар ва бо тавваҷуҳ ба вазъияти ошуфтаи шимоли Афғонистон аҳаммияти хосе дошт.
Содир Ҷабборов 28 июн пас аз сафар ба Туркманистон вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд.
Вай бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтугӯ кард, мавзӯи аслии гуфтугӯҳои тарафайн музокироти таъини марзҳои давлатӣ ва марзбандӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон буд.
Охирин таниш дар поёни апрел рух дод, ки дар маҷмӯ 55 нафар ҷони худро аз даст доданд, ҳудӯди 300 нафар аз сокинони рӯстоҳои марзӣ низ захмӣ шуданд ва даҳҳо хона дар оташ сӯхт.
Душанбе ва Бишкек иттиҳомоти мутақобилро радду бадал карданд ва мақомоти назоратӣ ҳар ду кишвар парвандаҳои кайфарӣ алайҳи якдигар ташкил доданд.
Бо ин ҳол, вакилони Қирғизистон ва фаъолони ҳуқуқи башар ба Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ шикоят карданд.
Сания Токтогазиева, ҳуқуқдони Қирғизистон, таҳқиқот дар мавриди иқдомоти низомиёни тоҷикро бо мавзӯияти «иртикоби ҷиноёти ҷангӣ алайҳи мардуми ғайринизомии Қирғизистон»-ро оғоз кард бо ин ҳол, Ҷабборов аз ин додхост фосила гирифт.
Александр Князев, коршиноси Осиёи Марказӣ дар ин замина изҳори кард: Сафари Ҷабборов ба Душанбе ба унвони навъе сиёсати минтақаии Қирғизистон дар Осиё Марказӣ аст, ҳамчунин ин гоми дигаре барои тасбити худ ба унвони як раисиҷумҳури шинохта шуда дар ҷаҳон аст.
Ӯ афзуд, лозим аст нишон дода шавад, ки вай дар як сатҳи баробар пазируфта шудааст, зимни инки шояд ҳеч тасмими муҳимме дар натиҷаи боздидҳои вай гирифта нашавад.
Ин коршинос муътақид аст, ҳар гуна музокира беҳтар аз ҷанг аст.
Ӯ гуфт, метавон талоши Ҷабборовро барои ҳали масаълаи марзӣ аз тариқи боздид ва музокира мусбат арзёбӣ кард.
Тамом тасмимоти гирифта шуда дар Душанбе, ҳар чиқадр ҳам ки хуб бошанд мумкин аст, тавассути тарафи қирғиз мавриди қабул набошад ва ин ҷидол дар ҷомеъаи Қирғизистон нишон медиҳад, ки намояндагони ин кишвар тамоюле ба мусолиҳа ва супурдан ва касби имтиёзот надоранд.
Дар ҳамин росто, Марс Сариев, коршиноси сиёсии қирғиз низ муътақид аст, ки Ҷабборов ба унвони як раисиҷумҳури комилан қонунии Қирғизистон пазируфта шуда ва аз ин назари иқдомоти вай ҳисоб шудааст.
Сариев гуфт, раҳбарони кишварҳое, ки Ҷабборов қаблан аз онҳо боздид кардааст ба хубӣ аз вай истиқбол ва вайро ба унвони як раиси тамомайёри кишвар қабул карданд.
Вай муътақид аст, ки сафар ба Тоҷикистон иқдоме дурандкшона аз тарафи раисиҷумҳури Қирғизистон аст.
Вай сафари Ҷабборовро ба Тоҷикистон ба мавқеъ ва мантиқӣ хонд ва умедвор аст, ки билохира таниши мудовим дар марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон коҳиш ёбад.
Бештар бихонед:
- Талоши Қирғизистон барои узвият дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ
- Вокуниши Бишкек ба талоши ҷомеъаи мадании Қирғизистон зидди Тоҷикистон