Июл 04, 2021 12:39 Asia/Dushanbe
  • Барканории вазири дохилаи Туркманистон

Вазири дохилаи Туркманистон барканор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз АКИ пресс, раиси ҷумҳӯри Туркманистон пас аз баррасии натоиҷи амалкарди вазорати дохила дар нимаи аввали соли 2021 вазири дохиларо барканор кард.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов- раиси ҷумҳури Туркманистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин кишвар пас аз баррасии натоиҷи амалкарди нимаи аввали соли 2021, Муҳаммадхон Чикиев-вазири дохиларо барканор ва ҳамчунин дастури ташдиди пешгирӣ ва баррасии илатҳои ҷароимро содир кард .
Вай таъкид кард : Ҳадафи аслии ниҳодҳои иҷрои қонун ташкили ҷомеъаи ором ва дар ҳоли рушду такомул аст .
Раиси давлати Туркманистон гуфт : Иқдомоти амалии анҷомшуда тавассути сохторҳои марбута дар ин замина матлуб нест ва дар ҳоли ҳозир мутаъасифона костӣ дар умур вуҷуд дорад .

Шоёни зикр аст, ки ахиран вазъияти ҷурму ҷиноят ба таври хос теъдоди дуздиҳо дар Туркманистон бо тавваҷуҳ ба буҳрони иқтисодӣ ва фақр рӯ ба афзоиш аст .



Бештар бихонед: