Туркманистон марзҳои худро бо Афғонистон тақвият мекунад
(last modified Wed, 07 Jul 2021 11:55:22 GMT )
Июл 07, 2021 16:55 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон марзҳои худро бо Афғонистон тақвият мекунад
    Туркманистон марзҳои худро бо Афғонистон тақвият мекунад

Пас аз афзоиши ҳамлаҳои Толибон дар Афғонистон ва ба хусус дар манотиқи шимолӣ, ҳукумати Туркманистон марзҳои худро бо ин кишвар тақвият медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Экипресс дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Туркманистон бо ҳузури раисҷумҳур «Қурбонқули Бердимуҳаммедов» мавзӯъоти мухталифи амниятии дохилӣ ва хориҷии ин кишвар баррасӣ шуд.

Дар ин ҷаласа пас аз баррасии вазъияти ноамнӣ дар Афғонистон таъкид шуд, ки тадобири лозим барои тақвияти навоҳии марзӣ ҳарчӣ зудтар иҷро шавад.

Бар асоси гузориши расонаҳои маҳаллӣ, Туркманистон дар назар дорад то сомонаҳои мушакии худро дар 130 километрии марз бо Афғонистон ва дар устони « Марӣ » ва «Лабоб » мустақар кунад.

Илова бар ин дар ин ҷаласа тасмим гирифта шуд таҷҳизоти низомии шомили чандин фарванди ҷанганда ва болгарди  низомӣ ба фурудгоҳи  ҳавои Мари  2 мунтақил шавад.

Дар ин ҷаласа муқарар шуд дар сурати лузуми ронандагони ғайринизомӣ то синни 60 сол барои ронандагии мошинҳои боркаш, бензинкашҳо, прицепҳо ва мошинҳои нақлиётии беморон ба кор ҷалб карда шаванд.

Толибон минтақаи ҳаммарз бо Туркманистон Андҳойро забт карданд. 

 

Бештар бихонед: