Июл 09, 2021 17:36 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубталоён ба Ковид 19 дар Қазоқистон

Вазорати беҳдошти Қазоқистон аз шиносоии 2800 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид 19 дар шабонарӯзи ахир дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши АКИпресс, бар асоси гузориши ин вазоратхона, ҳамчунин дар шабонарӯзи гузашта 1383 бемори коронаӣ дар ин кишвар беҳбуд ёфтаанд.

Токунун 3 миллион нафар аз шаҳрвандони Қазоқистон низ аввалин дози ваксинаи коронаро тазриқ карданд.

Шаҳри Алмаато, устонҳои Алмаато ва Туркистон аз назари мизони ваксинатсия пешгом аст.

 

Барчасп