Июл 14, 2021 18:26 Asia/Dushanbe
  • Кумакҳои башардӯстонаи Арабистон ва Русия ба Қирғизистон

Арабистон ва Русия ду маҳмулаи кумакҳои башардӯстона ба Қирғизистон ирсол карданд.

Арабистони Саудӣ таҷҳизоти пизишкӣ ва ҳифозатии шахсӣ ба арзиши 500 ҳазор доллар ба Қирғизистон ҳадя кард.

Ин маҳмула бо ҳадафи тақвияти иқдомоти пешгирона аз густариши корона ба Қирғизистон ирсол шуд.

Ҳамчунин Русияи ҳам 1000 килограмм орд барои тақсим байни хонаводаҳои ниёзманди Қирғизистон, ба ин кишвар ирсол кард.

Йилдиз Бакашева, муовини дафтари нахуствазирии Қирғизистон дар маросими таҳвили ин маҳмула гуфт: Ин кумакҳо метавонад ба мақомоти қирғизистонӣ барои муқобила бо бемории корона кумак кунад.

 

Барчасп