Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон омодаи мубориза бо Толибон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i70614-Ҳизби_Ҷамъияти_Исломии_Афғонистон_омодаи_мубориза_бо_Толибон
Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон омодагии худро барои мубориза бо Толибон эълом кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 17, 2021 10:56 Asia/Dushanbe
  • Толибон моҳҳои охир босуръат манотиқи мухталифи Афғонистонро ишғол карданд
    Толибон моҳҳои охир босуръат манотиқи мухталифи Афғонистонро ишғол карданд

Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон омодагии худро барои мубориза бо Толибон эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо аз Кобул, ҳазорон нафар аз аъзои Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон  рӯзи ҷумъа ба даъвати раҳбарони ин гурӯҳ бо иҷтимо дар шаҳри Мазори шарифи маркази устони Балх дар шимоли ин кишвар, омодагии худро барои мубориза бо Толибон эълом карданд.

Интизор меравад аъзои Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон, иқдомоти низомии худ алайҳи Толибонро бо ҳамоҳангии наздики нерӯҳои амниятии ин кишвар анҷом диҳанд.

Толибон дар моҳҳои ахир ба суръат дар ҳоли тасарруфи манотиқи мухталифи Афғонистон аст.

Ин гурӯҳ муддаист 80 дарсади хоки Афғонистонро дар кантроли худ дорад, аммо давлат  онро рад мекунад.

 

Бештар бихонед: